Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми модару дояе, ки мехостанд тифли навзодро фурӯшанд


Дар вилояти Сирдарёи Узбакистон як модару дояе, ки мехостанд, тифли навзодро нахуст бар ивази 1000 ва баъдан 800 доллари амрикоӣ фурӯшанд, 4-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ба иттилои манбаи расонаҳои маҳаллӣ, як зани ҳомила ба дояи таваллудхонаи шаҳри Бахти Сирдарё муроҷиат карда, барои таваллуд кунондан ва фурӯхтани кӯдакаш кумак хостааст. Табиб низ барои тифли ҳанӯз ба дунёнаомада аз Қароқалпоқистон бар ивази 1000 доллари ИМА харидор пайдо кардааст, вале ин зан дар ниҳоят аз харидани кӯдак даст кашидааст.

Баъдан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун муштарӣ ба доя муроҷиат кардаанд. Дар натиҷа модару доя ҳангоми фурӯхтани тифл бар ивази 800 доллари ИМА дастгир шудаанд.

Бино ба хабарҳо, Додгоҳи ноҳиявии Сирдарё ҳар дуро ба муҳлати 4-солӣ равонаи зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG