Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди боғи тоҷикӣ дар Рязан


Боғи Саидшоҳ Қаландаров дар Рязан

Боғи Саидшоҳ Қаландаров дар Рязан

Саидшоҳ Қаландаров, муҳоҷири 26-солаи тоҷик, дар канори шаҳри Рязани Русия дар масоҳати ним гектар боғ бунёд кардааст ва талош дорад, ки шеваи зиндагии муҳоҷиронро дар ин кишвар то ҳадди лозим тағйир бидиҳад. Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки дарахтони себу нокро аз назди бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе харида ва дар канори Рязан шинонд ва ду сол боз ҳосил мегирад.

Ӯ мегӯяд, табиати Рязан ба табиати зодгоҳаш ноҳияи Ховалинги Тоҷикистон шабоҳат дорад ва аз ин рӯ, аз аввал бовар дошт, ки дарахтонаш бор хоҳанд дод. "Бисёриҳо гуфтанд, ки ин ҷо себу ноки тоҷикӣ намешавад. Аммо гуфтам, ки боду ҳавои Рязан ба Ховалинг монандӣ дорад ва бояд инҷо ин навъи дарахтон ҳосили хуб диҳанд," – нақл кард Саидшоҳ.

Таҷрибаи Саидшоҳ натиҷаи хуб додааст ва ҳоло ӯ барои бештар кардани масоҳати боғаш ба шаҳрдории Рязан ариза навиштааст. Ӯ мегӯяд, "вақте ба шаҳрдории Рязан идеяи бунёди боғи тоҷикиро кардам, хуб қабул кард. Барои панҷ гектар замини дигар ариза додаам. Худо хоҳад, моҳи март аз Тоҷикистон дарахти бештар меорам ва масоҳати боғро васеътар мекунам."

Дарахтҳои панҷсолаи ин муҳоҷири тоҷик ҳоло ҳосили хуб медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто таъми меваҳои боғаш аз меваҳои Тоҷикистон фарқ надорад.

Бунёди боғи тоҷикиро бархе аз коршиносон талоше барои зиндагии дигари муҳоҷирони тоҷик дар Русия медонанд. Фирдавс Самадов, як муҳоҷири тоҷик, низ мегӯяд, ҳоло насли нави муҳоҷирони тоҷик талош доранд, ки худашон дар онҷо ба истеҳсолот машғул бошанд, на кори сохтмону боркашӣ.

"Бархеҳо кӯшиш мекунанд, ки корхонаи хурд бунёд кунанд. Муҳоҷирони зиёдро медонам, ки ҳоло худашон ширкатҳои сохтмонӣ доранд. Баъзеҳо фермаҳо ташкил карда, чорвопарвариро ба роҳ мондаанд ва корашон низ хуб аст. Яъне, як талоше эҳсос мешавад, ки муҳоҷирон мехоҳанд, шеваи кору зиндагиашонро то андозае дигар кунанд," – гуфт ӯ.

Тоҷикон дар Русия аслан дар сохтмонҳо кор мекунанд. То ду соли пеш гуфта мешуд, дар ин кишвар то ду миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик кору зиндагӣ доранд. Аммо пас аз бӯҳрони молӣ дар Русия ва ихроҷи теъдоди зиёди муҳоҷирон ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷик камтар шудааст.

Вале ба назар мерасад, ки мисли Саидшоҳ Қаландаров, муҳоҷирони тоҷик талоше барои дигар кардани шеваи кору зиндагии худро доранд. Саидшоҳ Қаландаров аслан дар як ширкати маҳаллӣ ба ҳайси барномасоз кор мекунад ва ҳамзамон донишҷӯи бахши ғоибонаи яке аз донишгоҳҳои Маскав ҳаст.

XS
SM
MD
LG