Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Миср ду маъмури пулисро куштанд


Мақомоти Миср мегӯянд, афроди мусаллаҳ бо тирандозӣ дар як посгоҳи амниятӣ дар шимоли шаҳри Қоҳира, ду маъмури пулисро куштанд. Вазорати умури дохилии Миср гуфт, се фарди мусаллаҳ дар як мошини бе рақами давлатӣ субҳи 21-уми август ба маъмурони пулис дар посгоҳи шаҳраки Содот ҳамла кардаанд. Дар натиҷа се маъмури пулис ва ду фарди ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд. Касе то кунун масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср аз қудрат дар соли 2013, ин кишвар шоҳиди чандин ҳамлаҳои хунин шуд. Дар ин ҳамлаҳо садҳо нафар бахусус нерӯҳои амниятӣ ва маъмурони пулис ҷон додаанд. Ҳамлаву бомбгузориҳо дар нимҷазираи ноороми Синаӣ сурат гирифтаанд ва як созмони ифротгарои шарики гурӯҳи Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG