Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон системаи зиддимушакии "Бовар-373" сохтааст


Эрон аксҳои нахустин системаи дифои зиддиҳавоии сохти худиро нашр кард, ки барои маҳви мушакҳои дурпарвоз ба кор меравад. Дар аксҳое, ки хабаргузориҳои Эрон рӯзи 21-уми август нашр карданд, дида мешавад, ки Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур ва Ҳусейн Деҳқон, вазири дифо дар пеши ин система истодаанд. Ба гуфтаи матбуоти давлатии Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ, ба дидани корхонаи аслиҳасозие рафт, ки системаи зидди мушаки дифоиро онҷо месозанд. Ҳусейн Деҳқон гуфтааст, ки системаи Бовар-373 барои радёбӣ ва маҳви мушакҳои баллистикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва ҷангӣ пешбинӣ шудааст. Ҳасан Рӯҳонӣ зимни суханронӣ дар телевизион гуфт, ки буҷаи низомии Эрон дар ду як соли гузашта ду баробар бештар шудааст. Ӯ ҳамчунин рӯзи 21-уми август нахустин мотори ҳавопаймои ҷанги сохти Эронро муаррифӣ кард.

XS
SM
MD
LG