Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ дар Туркия ба 50 нафар расид


Наздикони қурбониёни ҳамла мунтазири хабар аз бемористон нишастаанд.

Наздикони қурбониёни ҳамла мунтазири хабар аз бемористон нишастаанд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ, дар шаҳри ҷанубшарқии Ғозиёнтеппа, ки зоҳиран маргталабона буд, ба 50 нафар расид. Алӣ Йерликая, раиси шаҳр рӯзи 21-уми август гуфт, “Шумораи онҳое, ки дар бомбгузории террористӣ кушта шуданд, имрӯз ба 50 нафар расид.” Пештар гуфта мешуд, ки дар бомбгузории шоми 20-уми август, 30 нафар кушта ва 94 тани дигар захмӣ шудаанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки ҳамла дар Ғозиёнтеппа кори дасти гурӯҳи ифротгарои Давлати исломӣ аст. Ӯ афзуд, ҳадафи ин ҳамлаҳо барангехтани адовати мазҳабиву қавмӣ дар Туркия аст. Маҳмад Симсоқ, муовини нахуствазири Туркия, ҳамла дар як ҷашни арӯсиро амали ваҳшиёна номид ва гуфт, ки ҳамларо бомбгузори маргталаб анҷом додааст. Ғозиёнтеппа дар 64-километрии марзи Сурия воқеъ аст. Манотиқи ҷанубушарқи Туркия, ки умдатан курднишин аст, тайи як соли ахир шоҳили бомбгузориҳои хунин шуд. Ин ҳамлаҳоро ё кори ҷудоиталабони курд ва ё ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG