Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонободро дигарбора аз дасти Толибон гирифтанд


Нерӯҳои Афғонистон як ноҳияи стротегии наздик дар марзи Тоҷикистонро дигарбора аз дасти Толибон гирифтанд. Асадулло Умархел рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, к ноҳияи Хонободро нерӯҳои давлатӣ “комилан аз дасти Толибон гирифтанд ва ҳоло парчами Афғонистон дар болои қароргоҳи ҳукумат парафшон аст. Ӯ афзуд, ки ҳамроҳ бо Толибон ҳамчунин “ҷангҷӯёни хориҷӣ ба мисли чечен” ба зидди нерӯҳои артиши миллии Афғонистон меҷангиданд. Асадулло Умархел иддао кард, ки лаҷоми раҳбарони ҷангҷӯёнро Хадамоти истихборотии Покистон дар даст дорад”. Иддаое, ки Покистон ҳамвора рад мекунад. Хонободро ҷангҷӯёни Толиб субҳ ишғол карданд. Хонобод дар 30 километрии шарқи шаҳри Қундуз қарор дорад, ки соли гузашта барои муддати кӯтоҳе ба дасти Толибон афтод. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар воқеъ ҷангӯёни гурӯҳ қароргоҳи ҳукумати ноҳия ва идораи пулисро ишғол карда ва мошинҳои низомиву аслиҳаи нерӯҳои давлатиро ғанимат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG