Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари зоирони тоҷик ба Мадина (7 АКС)


Аввалин гурӯҳи имсолаи зоирони тоҷик субҳи 21-уми август аз шаҳри Душанбе ба Мадинаи Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард. Афшини Муқим, масъули Ситоди Ҳаҷҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, нисфе аз зоиронро ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва нисфи дигарро ширкати Flynas-и Арабистони Саудӣ ба зиёрати Каъба бурда ва пас аз анҷоми мавсими ҳаҷ дубора ба Тоҷикистон хоҳанд овард.

Тибқи нақша, сафари зоирони тоҷик то 5-уми сентябр идома мекунад. Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз сафари Ҳаҷ, дар назар аст, ки 17-уми сентябр оғоз шавад. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар Тоҷикистон28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шуда буд.

Имсол аз Тоҷикистон каме беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо кардаанд барои адои маносики Ҳаҷ ба Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Дар аксҳо: Маҳалли будубоши зоирони тоҷик дар Макка

XS
SM
MD
LG