Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия дар Сурия нақши фаъолтар иҷро мекунад


Биналӣ Йилдирим зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ҳизби адолат ва тараққиёт дар Туркия дар рӯзи 9-уми август.

Биналӣ Йилдирим зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ҳизби адолат ва тараққиёт дар Туркия дар рӯзи 9-уми август.

Нахуствазири Туркия мегӯяд, кишвараш барои ҳалли муноқиша дар Сурия дар шаш моҳи оянда нақши фаъолтареро иҷро мекунад ва намегузорад, ки он кишвар ба минтақаҳои алоҳидаи этникӣ тақсим шавад. Биналӣ Йилдирим рӯзи 20-уми август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Истанбул гуфт, барои Туркия фавқуллода муҳим аст, то Сурия ба минтақаҳои алоҳидаи қавмӣ тақсим нашавад. Ба гуфтаи Биналӣ Йилдирим, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия метавонад, дар марҳилаи гузариш нақш дошта бошад, вале дар ояндаи Сурия барои ӯ ҷой нест. Гурӯҳҳои курд бо ҷанг алайҳи гурӯҳҳои дигари араб, ки мехоҳанд, Башшор Асадро сарнагун кунанд, барои худ минтақаҳои хос месозанд. Туркия метарсад, ки қавитар шудани гурӯҳҳои курд дар Сурия метавонад, шӯришиёни курд дар дохили Туркияро ҷасуртар кунад. Нахуствазири Туркия гуфт, кишвараш бо ҷудоиталабони курд, ки алайҳи ҳукумат меҷанганд, вориди музокироти сулҳ намешавад, зеро “онҳо созмонҳои террористӣ ҳастанд.” Ҷудоиталабон аз Ҳизби коргарии курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ аст, бо афзоиш додани бобмгузориву ҳамла ҳафтаи гузашта даҳҳо нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG