Пайвандҳои дастрасӣ

Байден Русияву Украинаро ба хештандорӣ даъват кард


Ҷо Байден дар Украина зимни сафар дар декабри соли 2015

Ҷо Байден дар Украина зимни сафар дар декабри соли 2015

Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико аз Русия ва Украина даъват кард, ки хештандорӣ нишон диҳанд. Як рӯз пеш аз ин Петро Порошенко раисҷумҳури Украина гуфт, “таҷовузи Русия ба тамоми Украина”-ро истисно намедонад. Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден рӯзи 19-уми август дар сӯҳбати телефонӣ бо Порошенко гуфтааст, «Иёлоти Муттаҳида ба Русия паём додааст, ки тамоми ҷаҳониён вазъиятро назорат доранд ва ба зарурати коҳиш додани ташаннуҷи вазъ таъкид мекунанд”.Байден ҳамчунин аз Украина ҳам хостаст хештандорӣ нишон диҳад. Дар баёнияи Кохи Сафед, омадааст, тарафҳо аз афзоиши даргириҳо бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG