Пайвандҳои дастрасӣ

20 тонна ананасу мангои "Ҳоҷӣ Аслон" нобуд карда шуд


Хадамоти гумруки Тоҷикистон беш аз 20 тонна меваҳои асосан тропикӣ, мисли ананасу мангоро нобуд кардааст. Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, ки ин навъи маҳсулотро ширкати "Ҳоҷӣ Аслон" аз Имороти Муттаҳидаи Араб ворид кардааст, ки арзишаш беш аз 19 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Бар асоси хулосаи Оҷонсии "Тоҷикстандарт" ин навъи меваҳо то расидан ба Тоҷикистон ғайриқобили истифода шудаанд. Меваҳои тропикӣ асосан ба Тоҷикистон аз Покистону Туркия ва Эрон ворид карда мешаванд. Бинобар сабаби дурии роҳ, нооромиҳо дар Афғонистон ва мушкили убури хоки Узбакистон аксаран маҳсулоти ғизоӣ ва меваҳо дар роҳи расидан ба Тоҷикистон ғайриқобили истифода мешаванд.

XS
SM
MD
LG