Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Амрико аз ду қарори Русия


Вазорати умури хориҷии Амрико аз ду қарори Русия дар бораи созмони байналмилалии Институти ҷумҳуриявӣ (IRI) ва Бунёди сармоягузории расонаҳо ҷиддан нигаронӣ кардааст. Русия гуфтааст, ин ду созмон «номатлубанд». Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазоарти умури хориҷии Амрико гуфт, ин созмонҳо дар асл ба хотири шаффофият дар ниҳодҳои давлатӣ ва озодии матбуот талош мекунанд. «Ба ин хотир Русия ба ин созмонҳо набояд фишор орад, балки кумак намояд. Бори дигар таъкид мекунем, ки Русия уҳдадориҳои байналмиллалии худро иҷро кунад ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро хотима диҳад,»-таъкид шудааст дар изҳорот. Созмони байналмилалии Институти ҷумҳуриявӣ (IRI) беш аз 20 сол боз дар Русия кор мекунад. Ин созмон барои вакилони порлумон ва мансабдорони маҳаллӣ дарс мегузашт. Созмон аз ҷониби давлати Амрико, бахусус Конгресси ин кишвар сармоягузорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG