Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба оташбаси 48-соата дар Ҳалаб розӣ шуд


Русия ба оташбаси 48-соата дар шаҳри Ҳалаби Сурия, ки дар муҳосира мондааст, розӣ шуд. Русия баъди паҳн шудани навори писарбачаи 5-солаи сурӣ, ки аз ҳамлаҳои ҳавоӣ маҷруҳ шудааст, ба оташбас ё танаффуси 48-соата ризоият додааст.

Навори писарбачаи хунолуду лоғар, ки дохили мошини ёрии таъҷилӣ нишастааст, баёнгари ваҳшонияте аст, ки сокинони шаҳрҳои муҳосирашуда бо он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Вокуниши ҷомеаи байналхалқӣ ба ин навор ба вокуниши акси писарбачае, ки дар соҳили Туркия мурда пайдо шуда буд, монанд аст.

Зимни ёдворӣ аз навори охир сухангӯи департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби гуфт, "дар зиндагии ин писарбача ҳатто як рӯзи бе ҷанг, марг, харобкорӣ ва гуруснагӣ набудааст".

Оташбасе, ки қарор аст ҳафтаи оянда эълон шавад, имкон медиҳад, то ба Ҳалаб корвони мошинҳои ёрии башардӯстона ворид шавад. Игор Конашенков, генерали рус мегӯяд, Русия омадааст, ки бехатарии корвони мошинҳои ёрии башардӯстонаро ҳамнгоми вуруд ба Ҳалаб "тавассути ҳудудҳои зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ" таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG