Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснашинии муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Приморе


Дар шаҳри Артёми кишвари Примореи Русия як гуруҳи муҳоҷирон бо эътироз ба тӯлонӣ шудани раванди ихроҷашон аз ин кишвар даст ба гуруснанишинии чаҳоррӯза задаанд.

Ба иттилои комиссияи ҷамъиятию назоратии маҳаллӣ (КҶН), дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳр беш аз 100 нафар мунтазири қарори ихроҷашон аз Русияанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Чин ҳам ҳастанд.

Александр Смишлаев, муовини раиси КҶН-и Приморский край гуфт, ин комиссия аз маркази мазкур шикояти дастаҷамъиеро қабул кардааст, ки зери он наздики 100 нафар имзо гузоштаанд. Ба гуфтаи вай, дар гуруснанишинӣ, ки баъди боздиди раиси комиссия аз марказ қатъ гардид, 20 нафар иштирок намудаанд.

Смишлаев афзуд, шаҳрвандони хориҷӣ шикоят кардаанд, ки раванди ихроҷашон аз Русия ба Ватан хеле тӯлонӣ шудааст. "Нафароне ҳастанд, ки аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ мунтазири ихроҷанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомот дар се моҳи ахир касеро нафиристодаанд", - изҳор дошт вай.

Александр Смишлаев мегӯяд, муҳоҷирони корӣ аз шароити нигаҳдории марказ низ шикоят доранд. Дар марказ камбуди рахти хоб ва дорувор ҷой дошта, ба далели норасоии кормандон онҳоро ҳатто ба гаштугузори ҳаррӯза низ намебароранд. Ба гуфтаи вай, дар марказе, ки бояд 65 кас нигаҳдорӣ шавад, 107 нафарро ҷой намудаанд ва миёнашон 4 зан ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG