Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони узбак ба пахтачинӣ омода мешаванд


Табибони Тошкандро огоҳ кардаанд, ки 3 сентябр барояшон мавсими пахтачинӣ оғоз мешавад. Онҳоро бо навбат ба саҳро мебаранд. Соли ҷорӣ як навбат аз 13-14 рӯз иборат хоҳад буд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ҳар корманди соҳаи тиб уҳдадор аст, ки дар як рӯз то 70 кило пахта ҷамъ орад.

Яке аз табибон мегӯяд, дар беморхонае, ки вай кор мекунад, бояд 42 нафар - ҳам табибон ва ҳам параторон ба саҳро бираванд. Ин ҳам имкон дорад, ки бар ивази худ мардикореро фиристод, аммо ҳаққи заҳмати ӯро бояд аз ҷайби худ пардохт кард.

Ҷалби табибон ва кормандони дигари соҳаҳои буҷавӣ ба пахтазор сарфи назар аз гузоришҳои пуровозаи ҳукумати Узбакистон дар бораи мубориза бо меҳнатӣ маҷбурӣ, идома дорад.

XS
SM
MD
LG