Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар натиҷаи ҳамла ба ду бинои пулиси Туркия


Таркиши як мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бинои пулиси шаҳри Элазиги Туркия ҷони се нафарро рабуда, на камтар аз 50 тани дигарро захмӣ намудааст. Дар ин бора Reuters хабар додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Anadolou, чанд соат пеш аз ин ҳодиса, ҳамлаи ҳамсон ба бинои пулиси вилояти Вани Туркия низ сурат гирифта, дар натиҷа се нафар кушта ва наздики 70 тан маҷруҳ шудаанд.

Раҳбарияти вилояти Ван гуфтааст, эҳтимол дорад, ин ҳамла кори Ҳизби коргарони Курдистон бошад. Вале то ҳол расман ягон гуруҳи террористӣ масъулияти ҳамлаҳоро ба зимма нагирифтааст.

Рӯзи душанбе таркише дар назди бинои пулиси шаҳри Диёрбоқир, воқеъ дар ҷануби Туркия ба ҳалокати 7 нафар ва захм гардидани даҳҳо тани дигар сабаб шуд. Аз моҳи июли соли гузашта ба ин сӯ задухурди нерӯҳои амниятии Туркия бо гуруҳҳои мусаллаҳи курд дар минтақаи мазкур афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG