Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистонро аз ягона медали бозиҳои Рио маҳрум карданд


Додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) вазнабардори Қирғизистон Иззат Ортиқовро аз медали биринҷӣ, ки дар мусобиқот дар вазни то 69 кг дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гирифтааст, ба иллати истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг маҳрум кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии CAS хабар дода шудааст.

Иззат Ортиқов рӯзи 10 август дар мусобиқоти ниҳоӣ дар ду ҳарб ҳамагӣ 339 кг (151 кг +188 кг) вазн бардошта, медали биринҷии Бозиҳоро ба даст овард. Вале ташхиси допингии варзишгар барои истеъмоли маводи мамнуъ - стрихнин – натиҷаи мусбат додааст.

«Бо хоҳиши гурӯҳи комиссиюни тиббӣ ва илмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC), ки дар Бозиҳои олимпии соли 2016 кор мекунад, шуъбаи зиддидопингии CAS (CAS ADD) дар Олимпиадаи Рио рӯзи панҷшанбе чунин тасмим гирифт: варзишгар аз мусобиқоти вазнабардорӣ дар вазни то 69 кг ва аз Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро хориҷ шуд, аз медал маҳрум гашт, аккредитатсияи ӯ бояд лағв шавад», — гуфта мешавад дар хабари CAS.

Бар асоси хулосаи CAS, масъулият барои азнав тақсим намудани медали биринҷии олимпӣ дар ин вазн ба зиммаи Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ (IWF) ва IOC вогузошта мешавад. Қарор дар бораи муҷозоти вазнабардори 22-солаи қирғиз баъди Олимпиадаи Рио аз ҷониби IWF бароварда хоҳад шуд.

Иззат Ортиқов аввалин варзишгарест, ки аз медали Олимпиадаи Рио-2016 барои допинг маҳрум шудааст.

Барои нахустин бор дар таърихи Бозиҳои олимпӣ CAS дар масоили ҷанҷоли допинг, ки дар Бозиҳо рух медиҳад, аввалин мақомот гардидааст. CAS ADD дар бораи ин ҳолатҳо баъди шунидани назари ҷонибҳо, ки ба ин масъала рабт доранд, қарор мебарорад. Вай ҳуқуқ дорад то анҷоми баррасии масъала муваққатан маҳрум созад. Тасмими ниҳоии CAS ADD метавонад дар шуъбаи CAS, ки дар Рио-де-Жанейро дар ҷараёни Бозиҳо фаъолият мекунад, ё ин ки дар CAS дар Лозанна баъди Олимпиада гирифта шавад.

Бояд гуфт, ки ин ягона медали мунтахаби Қирғизистон дар Бозиҳои олимпии Рио буд. Ба иттилои масъулини Кумитаи миллии олимпии Қирғизистон, Иззат Ортиқов қаҳрамони Осиё дар соли 2016 ва барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2015 мебошад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де Жанейро

XS
SM
MD
LG