Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Твиттер беш аз 300 ҳазор саҳифаи корбаронашро баст


Давоми як соли охир Твиттер наздик ба 360 ҳазор саҳифаи корбаронашро барои тарғиби терроризму экстремизм бастааст. Дар изҳороти ин шабакаи иҷтимоӣ омадааст, 200 ҳазор саҳифа аз ин ҳисобро дар ним соли охир бастааст. Бо пахши хабарнома масъулони ин шабака гуфтаанд, бастани саҳифаҳо аз миёнаҳои соли 2015-ум 80 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар бештари маврид саҳифаҳо пас аз амалҳои террористӣ баста шудаанд. Масъулони ин шабака мегӯянд, онҳое, ки саҳифаашон як бор баста мешавад, бори дуввум барои боз кардани саҳифа дар Твиттер талаботи сахттарро бояд иҷро кунанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки интиқод аз Твиттер ҳамчун шабакаи иҷтимоие, ки ба ифротгароён минбар медиҳад, бештар шуда буд. Гуфта мешуд, дар ин шабака даҳҳо узви гурӯҳҳои ифротӣ ба мағзшӯӣ ва таблиғ машғул ҳастанд. Аксар гурӯҳҳои маъруфи ифротӣ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер саҳифа доранд.

XS
SM
MD
LG