Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони маҳдудияти гаштугузори нақлиёт дар маркази Душанбе


Аз 19 август то 8 сентябр дар бархе аз ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳо маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар ва омодагиҳо ба гузашти низомӣ, сар аз 19 август то 8 сентябр аз соати 18:00 то 22:00 гаштугузори воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ аз Фурӯшгоҳи Марказӣ то майдони Дӯстӣ ва то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухорӣ, маҳдуд карда мешавад. Вазорати умури дохилӣ аз ронандаҳо тақозо кардааст, ки тартиботро риоя намуда ва аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд. Барномаи умда ба муносибати ҷашни Истиқлол, рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG