Пайвандҳои дастрасӣ

Бухарест хабари аз Туркия овардани силоҳҳои Амрикоро рад кард


Вазорати Хориҷии Руминия хабарҳои матбуотро, ки мегӯянд Ийолоти Муттаҳидаи Амрико силоҳи ҳаставияшро аз пойгоҳи Туркия ба Руминия кӯч медиҳад, қотеона рад кард. Саҳифаи интернетии Euractiv.com бо ишора ба ду манбаи беном мегӯяд, ки Амрико ба интиқоли 50 адад силоҳи ҳаставӣ аз Инҷирлики Туркия ба пойгоҳи Деваселуи Руминия оғоз кардааст. Авоили моҳи равон маркази таҳлилии "Стимсон Сентер" дар Вашингтон бо пахши як гузориш гуфт, ки то 50 адад силоҳи ҳаставӣ дар Инҷирлик вуҷуд дорад ва амнияти онҳо дар ҷараёни табаддулоти номуваффақи моҳи июл дар ин кишвар зери суол буд.

Паул Иван, таҳлилгари аршади Маркази Сиёсати Аврупо дар Твиттери худ навиштааст, ки "Руминия бахши сиёсати табодули ҳаставии НАТО нест ва ин иқдом аз ҷиҳати сиёсӣ риски ҷиддӣ ljhfl&@"

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG