Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони 80 кишвар - ҷоизадорони Олимпиадаи Рио


Баъди натиҷагирии рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 93 медал (30 тило, 32 нуқра ва 31 биринҷӣ) қарор дорад.

Британияи Кабир бо 50 медал (19 тило, 19 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 54 медал (19 тило, 15 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (12-14-15), Олмон (12-8-9), Ҷопон (10-5-18), Фаронса (8-11-12), Италия (8-9-6), Нидерланд (8-4-3), Австралия (7-8-9) ва дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 80 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 54 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар - Қазоқистон (3 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ – ҷойи 18-ум), Узбакистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ – ҷойи 26-ум), Украина (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 33-юм), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра – ҷойи 36-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали бириҷӣ – ҷойи 37-ум), Гурҷистон (1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 41-ум), Озарбойҷон (3 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 55-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 59-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 70-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ – ҷойи 70-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 70-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Тоҷикистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми қувва ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.

Мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ мешавад.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза мебаранд. Навбати онҳо дар рӯйхат чунин аст:

  1. Иван Тихон (Беларус)
  2. Диего дел Реал (Мексика)
  3. Кристиан Парс (Венгрия)
  4. Марсел Ломински (Словакия)
  5. Давид Содерберг (Финляндия)
  6. Вагнер Домингос (Бразилия)
  7. Сергей Маргиев (Молдова)
  8. Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар)
  9. Сергей Коломоетс (Беларус)
  10. Войтсех Новитски (Полша)
  11. Евгений Виноградов (Украина)
  12. Дилшод Назаров (Тоҷикистон)

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG