Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии Аминҷон Гулмуродзода аз зиндон


Аминҷон Гулмуродзода

Аминҷон Гулмуродзода

Аминҷон Гулмуродзода, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки соли гузашта ба зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи панҷшанбе озод гардидааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ӯро барои "сохтакории ҳуҷҷатҳо" гунаҳкор дониста буд.

Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари Пайванди Гулмурод, аз зиндон раҳо шудааст. Ӯ рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "ҳамин субҳ озод шуда, алакай дар хона ҳастам."

Хусрав Аюбӣ, вакили дифои Аминҷон Гулмуродзода, мегӯяд, ки нафари таҳти ҳимояташ қарор буд, панҷ моҳ пеш озод шавад, вале ӯ гуфтааст, то лаҳзаи охирин дар зиндон хоҳад монд. "Ду сол зиндонӣ шуда буд ва як солашро президент бахшид. Як соли дигарашро то лаҳзаи охир дар зиндон истод. Панҷ моҳ пеш талош кардем, ки раҳояш кунанд ва мақомот ба ин кор омода буд, вале худаш нахост," - афзуд ваикли дифоъ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 18-уми августи соли гузашта Аминҷон Гулмуродзодаро бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне"сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард.

Баъдан Аминҷон Гулмуродзода дар аризаи шикоятии худ аз додгоҳи Душанбе хоста буд, то ҳукми содиркардаи додраси додгоҳи Сомониро бо сабаби “ғайримунсифона” будан, бозбинӣ кунанд.

Мурофиаи бозбинии парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода рӯзи 30 сентябри соли гузашта дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуда, Аминҷон дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, "аслан гуноҳ надорад ва ӯро барои одам буданаш суд кардаанд". Ҳамчунин, Гулмуродзода ҳукми додгоҳи ноҳияи Сомониро хандаовар ва беасос гуфта буд.

Бо ин вуҷуд додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Аминҷон Гулмуродзода бидуни тағйир гузошт.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як сол аз замони ҳабси Аминҷон Гулмуродзода кам карда шудааст. Дар номаи Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД бо имзои полковники милиса Ҳалимзода Ҷ. Д. аз 2 феврали соли ҷорӣ таъкид шуда буд, "бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аминҷон Гулмуродзода Пайванд бахшида шуда, як соли муддати боқимондаи ҷазои ӯ кам карда шудааст."

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузашта буд.

XS
SM
MD
LG