Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки 12 млн долларии Амрико ба марзбонони тоҷик


Сафорати Амрико ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 50 адад автомашинаи Ҷип ва техникаву таҷҳизоти мухобиротӣ тақдим намуд. Рӯзи 18-уми август дар маросими тақдими ин таҷҳизот, ки бо ширкати Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикисон сурат гирифт, гуфта шуд, ки ин бузургтарин тӯҳфаи ИМА дар солҳои ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба шумор меравад.

Кӯмакҳо аз сӯи Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) ироа шуд ва 12 миллион долларро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллиор доллар ва автомашинаҳои J8 Jeep Wranglers бо арзиши 3 млн доллар ироа шуданд.

Сафири Амрико Элизабет Миллард дар ин маросим гуфт, ки тақдими ин таҷҳизот далели ҳамкории Амрико ба Тоҷикистон дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Хонум Миллард аз марзбонони тоҷик барои талошҳояшон дар мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир ва изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ИМА дар ин самт, изҳори сипос намуд.

Аз соли 2006 ба ин тараф дар чаҳорчӯбаи барномаи CENTCOM оид ба мубориза бо маводи мухаддир, Тоҷикистон беш аз 151 миллион доллар кӯмакҳо дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG