Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин парвози ҳавопаймои бузургтарин


Бузургтарин ҳавопаймои дунё рӯзи 17-уми август парвози нахустини худро дар пасманзари нидоҳои шодмонӣ ва дасткӯбиҳои ҳозирон дар қисмати марказии Бритониё анҷом дод.

“Airlander 10”, ки бештар ба курраи ҳавоӣ монанд аст, дар 15 дақиқа ба баландии 600 метр расид. Ҳадди ниҳоии парвози он шаш километр аст. Бо ин ҳол, “Airlander 10” метавонад то 800 тонна борро бардорад ва бо суръати 150 километр дар соат ҳаракат кунад.

Парвози кӯтоҳ ва бомуваффақияти “Airlander 10” баъди 85 соли аввалин парвози номуваффақи “дирижабл” аз ҳамин пойгоҳ сурат мегирад, ки он вақт дар Фаронса суқут кард ва 48 нафарро ба ҳалокат расонд.

Ширкати “Hybrid Air Vehicle”-и Бритониё барои бунёди ин киштии ҳавоӣ 25 миллион фунт сарф кардааст. Дар ибтидо коркарди ин тарҳ бо дархости артиши Амрико сурат мегирифт. Интизор мерафт, ки «дирижабл» бо сарфи ками сӯзишворӣ барои корҳои истихборотӣ истифода мешавад. Аммо сармоягузории ин тарҳ зуд қатъ гардид ва қарор шуд, ки тарҳро барои ҳавонавардии мулкӣ мутобиқ кунанд.

Рушди тарҳи «Airlander 10» бо истифода аз грантҳо ва сармояҳои хусусӣ ба роҳ монда шуд. Вижагиҳои сохторӣ ба «дирижабл» имкон медиҳанд, ки дар ҳамворӣ, биёбон ва ҳатто дар рӯи ях ба замин нишинад, сифате, ки ҳавопаймоҳои маъмулӣ надоранд.

Ба ғайр аз ин, «Airlander 10» метавонад то 10 рӯз бо сарнишин ва то ду ҳафта беодам дар осмон бошад. Созандагони ин киштии ҳавоӣ мегӯянд, «Airlander 10» бартариҳои дигар ҳам дорад, аз интиқоли маводи хайрия то боркашонӣ ба минтақаҳои душворгузар. Агар ҳамаи санҷишҳо бомуваффақият гузаранд, ширкати «Hybrid Air Vehicle» тасмим дорад, ки то соли 2018 боз 12 киштии ҳавоӣ ва ё «дирижабл» бисозад.

XS
SM
MD
LG