Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи амалиёти вижа ва ҳалокати 4 нафар дар Петербург


Бино ба тасдиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, аз чаҳор нафаре, ки зимни як амалиёти махсуси рӯзи чаҳоршанбе дар Петербург кушта шуданд, се танашон "раҳбарон"-и мусаллаҳи пинҳонии Кабардино-Балкариа ҳастанд.

Шахсияти нафари чаҳорум ҳанӯз муайян нашудааст.

Масъулини Кумитаи миллии зиддитеррористӣ (КМЗ) тасдиқ карданд, ки ин афрод дар кофтукоби федералӣ қарор доштанд ва дар натиҷаи ҳамла ба манзиле, ки дар он паноҳ бурда буданд, кушта шуданд.

Амалиёти махсус субҳи чаҳоршанбе дар яке аз хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ, воқеъ дар ҷануби Петербург сурат гирифтааст. Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи он аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки амалиёти махсус дар Петербург бо дархости Хадамоти махсуси Кабардино-Балкариа гузаронида шудааст. Шуъбаҳои федералии амнияти Петербург ва вилояти Ленинград аз тасдиқи ин иттилоъ худдорӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG