Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари Кумитаи олимпии Аврупо


Патрик Хикки
Патрик Хикки

Патрик Хикки, раҳбари Кумитаи олимпии Аврупо, бо иттиҳоми паҳну фурӯши билетҳои тақаллубии Бозиҳои олимпии 2016 дар Рио-де-Женейро аз сӯи пулиси Бразилия боздошт шуд. Гуфта мешавад, боздошти Патрик Хикки дар пайи силисилабоздоштҳое сурат гирифтааст, ки дар фурӯши шабакаи билетҳои тақаллубии олимпиада муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин, се тан аз ёрони наздики ӯ ҳам ҳамроҳаш дастгир шудаанд. Қаблан, додгоҳи Бразилия иҷозаи боздошти чаҳор раҳбари ширкати ирландии TNG, ки дар баргузории “Олимпиада-2012” саҳм дошт, содир кард. Миёни гумонбарон Мартин Стад, миллионери англис ва муассиси ширкати ирландии TNG Макркус Эванс низ ҳастанд. Зимни ҷустуҷӯи пулис дар Ирландия ва Бразилия пулис макони фурӯши билетҳои тақаллубии Бозиҳои олимпии 2016-ро пайдо карда буд.

XS
SM
MD
LG