Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Эрон вуҷуди пойгоҳи нерӯҳои ҳарбиву ҳавоии Русия дар хоки ин кишварро рад карданд. Вале эътироф карданд, ки Русия ба хотири сарфи камтари сӯзишворӣ барои ҳамла аз пойгоҳи ҳарбиву ҳавоии Эрон истифода кардааст. Аловуддин Бороҷердӣ, раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар порлумони Эрон, рӯзи 17-уми август гуфт, ки ҳавопаймоҳои Русия воқеан аз пойгоҳи Шаҳид Ноҷеҳ, 50-километр дуртар аз шаҳри Ҳамадон парвоз доштанд ва ин парвозҳо бо иҷозаи Шӯрои амнияти ин кишвар сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, “инҷо Русия пойгоҳи ҳарбӣ надорад ва танҳо муввақатан аз хоки Эрон барои сарфаи сӯзишворӣ истифода кардааст”. Ду рӯзи пеш расонаҳо навиштанд, ки Русия аз хоки Эрон барои зарба задан ба ҳадафҳои худ дар хоки Сурия оғоз кардааст. Тахмин низ буд, ки эҳтимол Русия дар Эрон пойгоҳи низомӣ боз кардааст. Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои Су-34-и Русия аз Ҳамадони Эрон парвозҳо анҷом дода, дар вилояти Дейр-аз-Зур мавқеъҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар пайи ин ҳамлаҳо 150 ҷангҷӯ кушта шудаанд. Аммо созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия бештар мардуми осишта ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG