Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк" 3 моҳ тамдид шуд


Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти маъмурияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк"-ро барои се моҳи дигар тамдид кард. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ таъйин карда буд.

Бонки Миллии Тоҷикистон ҳоло мегӯяд, ки давоми ин се моҳ маъмурияти муваққатӣ фаъолияти муассир анҷом дода ва аз ҷумла 41,5 млн. сомонӣ маблағи қарзи асосӣ ва 14,6 млн. сомонӣ фоизи онҳо, дар маҷмӯъ 56,1 млн. сомонӣ баргардонида шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло мегӯяд, ки гуфтушунидро бо БАТР идома дода, ба нақша гирифтааст, ки БАТР, ХБА ва Бонки Ҷаҳониро ба раванди таҳияи барномаи мукаммали дастгирии низоми бонкии Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузургро, ​ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гуфта буд. Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур дод, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.

​Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари гурӯҳ, ба ҷойи Тоҷиддин Пирзода мудирияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифт. Мирҳаёт Ёқубов то он замон дар мақоми муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ, кор мекард.

XS
SM
MD
LG