Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Байден аз Косово ва Сербистон


Ҷо Байден ва Ҳошим Тачӣ дар Косово

Ҷо Байден ва Ҳошим Тачӣ дар Косово

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико ваъда дод, ки кишвараш “дар канори мардуми Косово” меистад ва аз ин кишвар хост, робитаҳояшро бо Сербистон ба эътидол биёрад ва риояти қонунро беҳтар кунад. Байден дар ин бора баъди мулоқот бо Ҳошим Тачӣ, раиси ҷумҳур ва Исо Мустафо, нахуствазири Косово дар шаҳри Приштина рӯзи 16-уми август сухан гуфт. Сербистон Косоворо, ки як замон тобеъи он буд, ба расмият намешиносад, ҳарчанд Косово худро соли 2008 кишвари мустақил эълон кардааст. Муносибатҳои дуруст байни Сербистон ва Косово, як шарти пазируфтани ҳарду кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо аст. Аммо созиши бо миёнҷигарии иттиҳодия ҳосилшуда байни ду тараф барои беҳбуди равобит самараи зиёде надодааст. Ҷо Байден, аз ҳарду кишвар хост, созишро иҷро кунанд ва муносибаташонро ба эътидол биёранд. Ӯ гуфт, “Ҳарду тараф масъулият доранд, ки бар асоси аҳдҳои додаашон ба Брюссел амал кунанд ... ва муколамаро идома диҳанд. Ба қавли Байден, ин кор барои ҳамоиши комили Сербистону Косово ба Иттиҳодияи Аврупо фавқуллода муҳим аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG