Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон ҳамлаи ҳавоии Русияро аз хоки Эрон ба мавқеъҳои ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” натиҷаи музокироти дуҷониба бо Туркия медонанд.

Русия, Эрон ва Туркия наздик ба як моҳ боз дар сатҳи раҳбарони давлат ва вазирони умури хориҷии худ дар масъалаи бӯҳрони Сурия гуфтугӯ доранд.

Туркия, ки аз оғози ҷанги Сурия мавқеи мухолиф бо мавқеи Эрону Русия дошт, ҳоло назарашро дар ин масъала тағйир медиҳад. Эрону Русия аз оғоз аз ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ мекарданд, вале Туркия мухолифони ӯро пуштибонӣ мекард ва мехост, ки Асад ҳар чӣ зудтар аз қудрат канор равад.

Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раҳбарони Русияву Туркия, рӯзи 9-уми август дар Санкт-Петербург мулоқот доштанд. Ин мулоқот баъди сард шудани равобити ин ду кишвар дар пайи қазияи сарнагун шудани ҳавопаймои Русия аз ҷониби Туркия буд. Пас аз ин, ҷониби Эрону Туркия низ ба таври алоҳида бо ҳам дар масъалаи Сурия музокирот анҷом доданд.

Қудрат Шаҳидӣ, шореҳи Радиои Фардо мегӯяд, Туркия ба навъе пазируфтааст, ки Башор Асад барои муваққат ҳам бошад, сари қудрат бимонад.

Қудрат Шаҳидӣ: «Дар музокироте, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Владимир Путин ду ҳафтаи пеш дошт, ба таври рӯшан гуфт, ки ба навъе мехоҳад бо Эрону Русия сари масъалаи Сурия ҳамкорӣ кунад. Пас аз ин сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ба Анқара сурат гирифт, ки боз ҳам дар масъалаи Сурия бо раҳбарони Туркия сӯҳбат карданд. Яъне, ба гунае ин се кишвар мавқеъҳои худро дар қиболи бӯҳрони Сурия рӯшан карданд. Рӯзи гузашта, ки ҳавопаймоҳои Русия аз хоки Эрон ба мавқеъҳое дар Сурия ҳамла кард, натиҷаи амалии ин музокираҳо буд. Ҳоло мо шоҳидем, ки ин се кишвар амалан дар масъалаи Сурия ҳамкорӣ мекунанд.»

Озодӣ: Ҳамкориҳои ин се кишвари муҳим дар масъалаи Сурия чӣ натиҷа дошта метавонад?

Қудрат Шаҳидӣ: «Ҳамкориҳои се кишвар, фикр мекунам, кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ ҳаст. Ба хотири он ки ҳоло манфиатҳои муштарак дар Сурия доранд. Медонем, ки Русия ва Теҳрон аз муддатҳо аз ҳукумати Башор Асад аз нигоҳи молӣ, низомӣ ва дипломотӣ пуштибонӣ мекарданд. Туркия дар ин авохир ба сафи инҳо пайваст, ки битавонад, масъалаи Сурияро ҳал кунад. Масъалаи Сурия яке аз мушкилтарин масъалаҳо дар Ховари Миёна ҳаст. Аз як тараф Амрико, кишварҳои Аврупо, аз тарафи дигар ин се кишвар ва кишварҳои арабӣ дар Сурия даргир ҳастанд. Ин ҳамкориҳо маънои онро надорад, ки ин се кишвар битавонанд, ба ҷанги дохилии Сурия поён диҳанд. Бидуни назари Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ин амр амали шуданӣ нест.»

Озодӣ: Бархе кишварҳои арабӣ дар масъалаи бӯҳрони Сурия назари хоси худро доранд. Баъди он ки мавқеи ду кишвари ҳамсояи Сурия ҳамроҳ бо Русия як шуд, оё тағйире дар мавзегириҳои кишварҳои арабӣ пайдо хоҳад шуд?

Қудрат Шаҳидӣ: «Мушкили кишварҳои арабӣ, ба вижа Арабистони Саудӣ ин аст, ки онҳо ҳам хоҳони рафтани режими Башор Асад ҳастанд. Аз тарафи дигар, Арабистони Саудӣ равобити хубе бо Туркия дорад. Ин масъала муносибати Туркия ва шахсан худи Эрдуғонро бо Арабистони Саудӣ ҳассос хоҳад кард, ки мехоҳад ҳам равобиташро бо Арабистон нигаҳ дорад ва аз тарафи дигар бо Эрону Русия ҳамкорӣ кунад. Аз он тараф медонем, ки равобити Эрону Арабистони Саудӣ бисёр сард аст ва онҳо рақибони шадиди ҳам дар минтақа ҳастанд. Ин кишварҳо бояд гуфтугӯҳои дипломотиро ба роҳ монанд, то масъалаи бӯҳрони Сурияро ҳал кунанд. Ҳоло Арабистони Саудӣ бештар гирифтори мушкил дар Яман аст ва масъалаи Сурия барояш дараҷаи аввал нест. Танҳо аз роҳи дипломатӣ ва ҷалби ҳамаи кишварҳои дахил дар бӯҳрони Сурия метавон ба ҷанг дар Сурия хотима дод.»

XS
SM
MD
LG