Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба постгоҳи пулис дар канораҳои Маскав


Мақомоти Маскав мегӯянд, рӯзи 17 август ду марди ношиноси мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон ва табар ба постгоҳи пулис дар канораҳои Маскав ҳуҷум карданд. Кумитаи тафтишоти Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки аз ду ҳамлагар яке кушта ва дигаре захмӣ шудааст. Тасс мегӯяд, ки дар ин ҳамла ду ходими пулиси роҳ низ захм бардоштанд. Бар пояи маълумоти ибтидоӣ ҳуҷум дар ҳоле сурат гирифтааст, пулис як мошинро барои санҷиши маъмулии санадҳо манъ кард.

XS
SM
MD
LG