Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи телефонии президент бо Темур Зулфиқоров


Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Темур Зулфиқоров – нависанда, шоир ва драмнависи маъруфро ба 80-солагияш табрик гуфтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, оқои Раҳмон паёми табрикии худро рӯзи 17 август тайи як тамоси телефонӣ ба Зулфиқоров баён кардааст.

Темур Зулфиқоров имрӯз ба синни ҳаштод расид ва баъзе аз матбуоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Иттифоқи нависандагон барои таҷлили бошукӯҳи зодрӯзаш ризоят надодааст. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик ба Темур Зулфиқоров арзи сипосу миннатдорӣ кард."

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш - Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Соли 1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ зери чархи мошини таъқиботи сталинӣ уфтод ва ҳамчун "душмани халқ" қатл шуд. Модараш – профессор Людмила Успенская - муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд. Дуруст ҳамон сол, Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.

Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха баровард шуда, ӯ танҳо адиби тоҷик аст, ки номзадиаш ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG