Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 солагии табаддулот бе гирдиҳамоӣ мегузарад


Шаҳрдории Маскав дархости ҷамъомади бахшида ба 25-солагии табаддулоти ноком алайҳи раҳбари Итиҳоди Шӯравӣ Михайил Горбочевро рад кард. Лев Понамарев, фаъоли ҳуқуқи башар ва яке аз ташкилкунандаҳои гирдиҳамоӣ, рӯзи 16 август дар блоги худ навиштааст, ки барои баргузории ин ҷамъомад дар маркази Маскав ва гулгузорӣ бар поияи муҷассамаи ёдгории се мард, ки дар ҷараёни нооромиҳои соли 1991 кушта шудаанд, аз мақомот иҷозат хостанд. Аммо шаҳрдории Маскав аризаи онҳоро рад карда, машварат додааст, ки гирдиҳамоиро дар ягон боғ ё канораҳои пойтахт баргузор кунанд.

Авоили моҳи равон бунгоҳи назарсанҷии "Левада" ин хулосаро пахш кард, ки танҳо 50 дар сади пурсидашудаҳо тавонистаан аҳамияти ҳодисаҳои 19-21 августи соли 1991-ро шарҳ диҳанд, дар ҳоле ки 48 дар сади дигар натавонистаанд онро тафсир кунанд. 38 дар сади пурсидашудаҳо розӣ шуданд, ки ин ҳодиса як бахши мубориза барои қудрат дар "эшелонҳо"-и боло буд, 8 дар сад гуфтанд, ки ин пирӯзии инқилоби демократӣ буд, ки ба ҳукмронии Ҳизби Коммунисти Шӯравӣ хотима гузошт.

XS
SM
MD
LG