Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов ва Миллард ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Дар дидори Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе, бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон натиҷаҳои мулоқоти вазирони гурӯҳи “С5+1” мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷонибҳо аз натоиҷи мулоқот дар Вошингтон изҳори қаноатмандӣ карданд ва онро омили густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви ин гурӯҳ унвон карданд. Рӯзи 3-уми август вазири умури хориҷи Амрико Ҷон Керрӣ ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказиро дар Вашингтон ба ҳузур пазируфт. Дувумин нишасти вазирони умури хориҷии Амрико ва Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон дар чаҳорчӯби 5+1 масоили амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, муҳити зист, тағйири иқлим ва масоили башариро баҳс кард.

XS
SM
MD
LG