Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст, "Дарси сулҳ" бо ширкати Эмомалаӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара сурат бигирад. Сайидаҳмад Умаров, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати ноҳияи Данғара рӯзи чоршанбеи 17 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “имсол "Дарси сулҳ" бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, “дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва ҳамзамон ҷиҳати ширкат дар оғози соли хониши 2016-2017, ки 1 сентябр рост меояд, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Долнишгоҳи давлатии Данғараро мавриди истифода қарор медиҳад ва “Дарси сулҳ” -ро баргузор карда ва ба соли хониши нав оғоз мебахшад. Тибқи иттилои ҷаноби Умаров, “Дарси сулҳ” бо иштироки донишҷуёни донишгоҳҳои минтақа ва ҷумҳурӣ доир мешавад.

Зимнан, Донишгоҳи давлатии Данғара, ки дар маркази ноҳия, дар 100 км – ҷануби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, дар заминаи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бунёд шудааст. Зеро филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар соли 2005 дар ноҳияи Данғара таъсис ёфт ва дар соли 2013 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдили ном кард.

Ҳамзамон аввалҳои моҳи марти имсол бо қарори ҳукумати Тоҷикистон имсол дар Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташкил карда буд. Ба дунбол, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кор мекард, ректори донишгоҳи тозатаъсиси тиббӣ дар Данғара таъйин шуд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара имсол аз тариқи Маркази миллии тестӣ довталаб қабул накард. Ин донишгоҳ аз ҳаққи истиноии қабули мустақими довталабон бидуни имтиҳони Маркази миллии тестӣ бархӯрдор шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамакнун комиссияи кабули довталабонро таъсис дод ва барои қабули хуҷҷатҳо, эълон пахш кард.

Аллакай дар охирҳои моҳи марти имсол Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон имтиҳонҳои қабули худро эълон карда барои супоридани имтиҳонҳо тариқи будҷавӣ ва шартномавӣ маълумот дод. Қимати таҳсил дар ин донишгоҳи навтаъсис барои як сол 10 ҳазору 500 сомонӣ муайян шуд. Танҳо нархи таҳсил дар факултаи стамотологӣ аз ҳама гаронтар - 11 ҳазору 850 сомонӣ ( 1500 доллар) муайян шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғара ба хотири рафъи норасоии духтурон дар вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG