Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: “Русия Қримро ба пойгоҳи ҳарбӣ табдил медиҳад”


Масъулони Хадамоти кашфи Украина мегӯянд, Русия ба Қрим таҷҳизот ва техникаҳои нави ҳарбӣ ворид карда ва зоҳиран ин ҷазираро ба як пойгоҳи ҳарбӣ табдил медиҳад. Вадим Скибитский, намояндаи Хадамоти ҷосусии Вазорати дифои Украина, дар эфири “Канали 5”-и ин кишвар гуфтааст, воридоти техникаҳои низомӣ, ки бо эҳтимоли зиёд силоҳҳои ядроӣ низ ба ҳамроҳ доранд, бузургтарин хатар барои Украина ба шумор меравад. Ба иттилои Хадамоти кашфи Украина, Русия киштиҳои зериобӣ ва киштиҳои ҷангиро, ки бо ракетаҳо муҷаҳҳазанд, вориди Қрим карда ва ҳамзамон авиатсияи ҳарбиашро дар ин нимҷазира тақвият медиҳад. Ҷониби Украина мегӯяд, Русия бо ин таҷҳизоташ метавонад аз Қрим тамоми ҳудуди ин кишварро нишон бигирад. Ба ҷуз ин, хадамоти кашфи Украина хабар медиҳад, ки аз Русия ба Донбас танкҳои навъи Т-64 ва зиреҳпӯшҳо низ ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, 10-уми август Русия гурӯҳеро боздошт кард, ки ба иддаои онҳо аз ҷониби Украина мехостанд, бо инфиҷори иншооти муҳим иғвои низомӣ анҷом бидиҳанд. Киев ин иттиҳомро дурӯғ ва бофтаи мақомоти Кремл медонад.

XS
SM
MD
LG