Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи ДИИШ ҳамсарашро ба маргталабӣ маҷбур кардааст


Ҳамсари фармондеҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон худро ба пулиси маҳаллӣ таслим кардааст. Ин зан гуфтааст, ки шавҳараш ӯро барои анҷоми як ҳамлаи маргталабона маҷбур кардааст.

Исми ин зан, ки рӯзи 16 август худро ба мақомот таслим кард, ошкор нашудааст, аммо ӯ гуфтааст, ҳамсари Қорӣ Зиё, фармондеҳи ДИИШ дар Ҷузҷон аст. Қорӣ Зиё қаблан фармондеҳи Толибон буд, аммо соле пеш бо гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” байъат кард. Раҳматуллоҳи Туркманистонӣ, фармондеҳи пулиси Ҷузҷон, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфтааст, Қорӣ Зиё ҳамсарашро ба Нангарҳор фиристода, мехост, он ҷо маргталабиро биомӯзад.

Ҳамсари фармондеҳи ДИИШ ба мақомот гуфтааст, шавҳараш ӯро фишор меовард, то зудтар ба як маргталаб табдил ёбад. Ҳарчанд ин зан дар назди шавҳараш ба ин розӣ шудааст, аммо ботинан намехост, худро битарконад. Ӯ гуфтааст, бо пайдо шудани фурсат худро ба пулис таслим кардааст, ки амнияташро таъмин намоянд. Дар ду соли охир гурӯҳи худхондаи ДИИШ дар Афғонистон фаъол шудааст ва бархе аъзои норозии гурӯҳи Толибон ба сафи ин гурӯҳ мепайвандад.

XS
SM
MD
LG