Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як шаҳрванди "ҷудоиталаби" Узбакистон


Александр Брикин

Александр Брикин

Хадамоти амниятии Украина як шаҳрванди Узбакистонро боздошт кард, ки аз тарафи ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар Донбасс зидди ҳукумати ин кишвар меҷангидааст. Бино ба иттилои Додситонии вилояти Донетск, сокини 20-солаи Тошканд дар сафи ҷудоиталабон ҳамчун гулӯланадоз хидмат мекардааст.

Татяна Павленко, котиби матбуотии Додситонии вилояти Донетск, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, далелҳои инкорношавандае рӯи даст доранд, ки боздоштшуда ҳамчун гулӯланадоз дар сафи ҷудоиталабони "Ҷумҳурии халқии Донетск" хидмат кардааст. "Маълум шуд, ки ин шаҳрванди Узбакистон худро дар вилояти Калугаи Русия сабти ном карда, дар моҳи декабри 2014 ихтиёрӣ ба сафи ҷудоиталабон пайвастааст. Боздоштшуда чеҳраи русӣ дорад," – гуфт Татяна Павленко.

Дар сомонаи расмии Хадамоти амниятии Украина видеое нашр шудааст, ки фарди боздоштшуда худро Александр Брикин ном бурда, изҳор медорад, ки 8 августи соли 1996 дар Узбакистон таваллуд шудааст.

XS
SM
MD
LG