Пайвандҳои дастрасӣ

Барканорӣ ва мақоми нави бародари Шералӣ Хайруллоев


Миралӣ Хайруллозода

Миралӣ Хайруллозода

Дар бораи Миралӣ Хайруллозода, бародари Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини дифои Тоҷикистон иттилои кофӣ дар дастрас нест. Танҳо бар асоси як хабари расмӣ, ӯ тайи тақрибан ду соли охир сардори раёсати Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Хатлон будааст.

Миралӣ Хайруллозода, бародари Шералӣ Хайруллоев – ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амнияту дифоъ – аз мақоми сардори раёсати Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Хатлон озод шуда, барои кор ба идораи асосии ин Оҷонсӣ ба Душанбе рафтааст. Миралӣ Хайруллозода рӯзи 17 август дар суҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ ба мақоми нав гузаштанашро тасдиқ кард, аммо расман нагуфт, ки корро дар кадом бахш оғоз кардааст. "Дертар хабар хоҳам дод, ки чӣ вазифаро бар дӯш гирифтаам," - гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабари як манбаъ дар Оҷонсии зидди маводи мухаддир, Миралӣ Хайруллозода сардори дастгоҳи марказии ин ниҳод таъин шудааст. Ин манбаъ гуфт, ҳоло Зафар Сайфуллозода, сардори пешини раёсати сайёри зудамали Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба ҷои Миралӣ Хайруллозода дар Хатлон нишастааст.

Ин таъинот рӯзи 15 август сурат гирифта, бино ба хабари манбаи мо, Миралӣ Хайруллозода ва Зафар Сайфуллозода алакай ба корашон оғоз кардаанд. Зафар Сайфуллозода дар гузашта низ раҳбарии Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Хатлонро бар уҳда дошт ва ин навбат дубора ба ҷойи пешинааш баргаштааст.

Миралӣ Хайруллозода, бародари Шералӣ Хайруллоев, собиқаи зиёди корӣ дар мақомотро доштааст. Ӯ ахиран дар як нишасти матбуотияш дар бораи ҳолатҳои гардиши маводи мухаддир дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон суҳбат карда буд. Хайруллозоад гуфт, дар ним соли гузашта 6 шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд, ки қасд доштаанд вориди Тоҷикистон ашванд.

Дар бораи зиндагӣ ва кори бародари Шералӣ Хайруллоев иттилои кофӣ дар дастрас нест. Танҳо дар сомонаи расмии Оҷонсии зидди маводи мухаддир гуфта шудааст, ки ӯ полковники хизмати назорати маводи нашъаовар аст.

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев, ки то замони интихоботи моҳи нобяри соли 2013 вазири дифои Тоҷикистон буд, ба далели ба нафақа баромаданаш ин курсиро раҳо кард. Вале дертар бо як фармони раисиҷумҳур ёвари ӯ дар масоили амнияту дифоъ таъин шуд ва корашро бо ҳалли мушкили тазоҳургарон дар Хоруғ ва масъалаи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карда буд.

Генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз соли 1995 то 2013 дар мақоми вазири дифои Тоҷикистон ифои вазифа карда, вазири калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт ва нақшаш дар сулҳи тоҷикон ва амалиёти даҳ соли охир дар Тавилдара, Рашт ва Бадахшон муҳим арзёбӣ мешавад. Аксари кулли амалиёти низомии ҳукумат алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистонро ӯ раҳбарӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG