Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 ҳазор намояндаи расонаҳо дар Олимпиадаи Рио


Дар MPC (Маркази асосии матбуот) 5800 хабарнигор ва дар IBC (намояндагони расонаҳои электронӣ - телевизион, радио, интернет) 20 ҳазор аз 220 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза аз ҷараёни Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ гузоришҳо таҳия ва пахш мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин марказҳо хабар доданд.

Дар MPC (Маркази асосии матбуот) 5800 хабарнигор ва дар IBC (намояндагони расонаҳои электронӣ - телевизион, радио, интернет) 20 ҳазор аз 220 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза аз ҷараёни Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ гузоришҳо таҳия ва пахш мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин марказҳо хабар доданд.

Ҳарду марказ дар боғи олимпӣ, дар Барра, ҷойгир шудааст. Дар МРС ва IBC барои хабарнигорону аккосон, муназимон, ба наворгирандагон ва дигар кормандони техникӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

“Хабарнигороне, ки дар матбуот кор мекунанд, аз толору ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда истифода мебаранд. Марказҳои вижа дар хидмати аккосони ҳирфаӣ қарор доранд. Дар маркази матбуотӣ қаҳвахона, мағоза, бонк, хонаи либосшӯӣ маҷуданд, ки аз онҳо метавонанд намояндагони васоити ахбори умум истифода кунанд,” - мегӯяд Анатолий Любименко, хабарнигори рӯзномаи “Волгоградская правда”-и шаҳри Волгогради Русия, ки зодаи Тоҷикистон аст.

Анатолий Любименко

Анатолий Любименко

Ба гуфтаи Анатолий Любименко ӯ дар замони Шӯравӣ дар Радиои Тоҷикистон ва баъдан дар рӯзномаи “Вечерний Душанбе” кор кардааст. Вай аз соли 1994 дар Русия ба сар мебарад.

Любименко гуфт, ки факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи Хуҷандро аз рӯи ихтисоси омӯзгори забони немисӣ хатм намудааст. Ӯ афзуд, “бори охирин соли 2012 ба зодгоҳам - шаҳри Панҷакент – рафта, аз мактаби миёнаи хатмкардаам (рақами 15) ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дидан кардам. Тоҷикистонро ҳамеша ёд мекунам ва ният дорам ин дафъа ба зодгоҳам ҳамроҳи дӯстам рассом Анатолий Боймуродов, ки феълан дар вилояти Ленингради Русия ба сар мебарад, сафар бикунам”.

Анатолий Любименко соли 2013 дар як озмуни умумирусиягии хабарнигорони варзишӣ пирӯз шуда, ба ҳаққи иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочи ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мушарраф шудааст.

“Нисфи маблағи хароҷоти сафари маро ба Олимпиадаи Рио идораи рӯзнома пардохт кардааст. Маблағи боқимондаи сафар аз ҳисоби худам ва писаронам мебошад, ки ҳар се дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунанд. Ман 3-юми август ба Рио омадам ва умедворам, ки 21-уми август бо таассуроти рангин ба хона бармегардам,” - иброз дошт Анатолий Любименко.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG