Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшогари сирри "допинг" мегӯяд, ки ҷонаш дар хатар аст


Давандаи рус Юлия Степанова, ки аввалин шуда дар бораи истифодаи допинг дар варзиши Русия хабар дод, ҳоло мегӯяд, баъди рахнаи саҳифааш, вай ва шавҳараш ҳаёташонро дар хатар мебинанд.

"Агар бо ману шавҳарам ҳодисае рух дод - бидонед, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ нест", - гуфтааст Степанова, ки ҳоло ҷои будубошаш маълум нест.

Дар бораи шикастани саҳифаи Степанова шанбеи гузашта Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) хабар дода буд. Дар ибтидои август шавҳари вай - корманди пешини Оҷонсии зиддидопингии Русия Виталий Степанов - навишта буд, ки онҳо тавассути интернет таҳдид мешаванд.

Юлия ва Виталий Степановҳо ба телевизиони олмонии ARD дар бораи истифодаи допинг дар варзиши Русия хабар дода буданд. WADA бо анҷоми таҳқиқот Русияро дар вайрон кардани қоидаи зиддидопингӣ айбдор кард. Варзишкорони Русия аз ширкат дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро маҳрум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG