Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Порошенко ба созиш моил аст


Раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки президенти Украина Петро Порошенко барои ҳалли низои байни Киев ва ҷудоихоҳони шарқи кишвар, ки Русия аз онҳо пуштибонӣ мекунад, ба созиш моил аст. Ин нуктаро Назарбоев дар ҷараёни мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин баён доштааст. Ин мулоқот рӯзи 16 август дар Сочӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, чанде пеш президенти Украина дар як сӯҳбати телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки парлумони Украина тасвиби қонун дар бораи мақоми минтақаҳои Донетск ва Луҳанскро дар шарқи кишвар ба таъхир андохтааст. Ин ду минтақа таҳти назорати ҷудоихоҳони русгаро қарор дорад.

Владимир Путин ҳамчунин аз Назарбоев барои нақши миёнҷигӣ дар беҳтар шудани равобити Русия бо Туркия миннатдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG