Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи ҳунарманд Матяқуб Мадҷонов шурӯъ мешавад


Интизор меравад, 17-уми август дар Тошканд мурофиаи додгоҳии Мадяъқуб Мадҷонов, ҳунарманди маъруфи узбак баргузор шавад. Ин ҳунарманди 60-сола ва се ҳамроҳи ӯ дар содир кардани ҷинояти иқтисодӣ муттаҳам мешаванд. Ҳунарманди хизматнишондодаи Узбакистон рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти бехатарии Узбакистон ба ҳабс гирифта шуд. Ба қавли манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ, ҳунарманд дар “дар тақаллубкорӣ, нақзи қонунҳои тиҷорат ва даромад бо роҳи ҷиноят” муттаҳам мешавад. Ҳамроҳ бо Мадҷонов корманди ширкати “Марса” низ нигаҳдорӣ мешавад. Ин ширкат аз ҷониби худи ҳунарманд таъсис ёфта буд. Ба қавли манбаи бахши узбакии радиои Озодӣ, ҳоло дар тамоми Узбакистон ширкатҳо, ки бо ширкати “Марса” ҳамкорӣ доштанд, тафтиш мешаванд. Ширкати “Марса” ба Узбакистон аз хориҷи дуру наздик молу маҳсулоти гуногун ворид мекард.

Мадяъқуб Мадҷонов бештар дар солҳои 1980-ум маъруф буд ва нақшҳои зиёде дар саҳнаҳои театру кино иҷро кардааст. Дар соли 2011 ҳунарманд бо ордени “Дӯстлик” сарфароз гардонида шуд. Ӯ оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

XS
SM
MD
LG