Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши истеҳсоли нафт дар гуфтушуниди Русия ва Саудӣ


Пастравии қимати нафт Русия ва Саудиро водор кард, ки барои муваққатан боздоштани истихроҷи нафт ба хотири ба эътидол овардани нархи тиллои сиёҳ вориди музокирот шаванд. Изҳороти вазири энержии Русия Александр Новак, ки рӯзи 15 август дар сӯҳбат бо нашрияи “Аш-шарқ Ал-Авсат” гуфт, “Русия мехоҳад бо саудиҳо дар масъалаи муваққаттан боздоштани ҷараёни тавлиди нафт вориди музокирот шавад”, боиси боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ шуд. Ҳафтаи гузашта вазири энержии Саудӣ Холид Ал-Фалиҳ музокироти масдудсозии муваққатии тавлиди нафтро аз сар гирифт ва гуфт, ки кишвараш омода аст, бо ОПЕК ва кишварҳои мисли Русия берун аз ин қарордод ба хотири мӯътадил кардани вазъи бозор вориди музокирот шавад. Русия бо 10,85 миллион бушка ва Арабистони Саудӣ бо 10,67 миллион бушка нафт дар рӯз азимтарин истеҳсолкунандагони нафт дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Баъди изҳороти Новак рӯзи 15 август қимати нафт дар бозори Ню-Йорк ва Лондон аз 1 доллару 25 то 38 сент боло рафта, мутаносибан 45 доллару 74 сент ва 48 доллару 35 сентро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG