Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар ҷануби Туркия ҷони 6 нафарро рабуд


Дар ҷануби Туркия таркиши як мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда ҷони чаҳор корманди пулис ва ду сокини осоиштаро рабуд. Мақомот мегӯянд, бо ин мошин ба як шуъбаи пулис дар вилояти Диёрбоқир ҳамла шудааст.

Баъди моҳи июли соли 2015 задухурди нерӯҳои амниятии Туркия бо гуруҳҳои мусаллаҳи курд дар вилояти мазкур афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти ахир, шумори захмиёни таркиш ба 25 нафар мерасад, ки 7 танашон корманди пулисанд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, ин ҳамла кори ҷудоихоҳони курд аст. Вале то ҳол ҷонибе масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.

Бар пояи иттилои Гуруҳи байналмилалии буҳрон, аз соли гузашта инҷониб, дақиқтараш баъди қатъи оташбаси Анқара бо шӯришгарони курд, дар натиҷаи задухурдҳо беш аз 1 ҳазору 800 сокини осоиштаву низомӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG