Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 15 бандии Гуантанамо ба Имороти Муттаҳидаи Араб


Намояндагони Департаменти давлатии Амрико чунин мешуморанд, ки боқӣ мондани зиндони Гуантанамо ба муносибати Вашингтон бо муттаҳидонаш халал мерасонад. Дар пайи як созиш Амрико понздаҳ маҳбусро аз зиндони зери назараш дар Гуантанамои Куба ба Имороти Муттаҳидаи Араб фиристод.

Бори аввал аст, ки як гурӯҳи бузурги маҳбусон пас аз суханронии Обама дар соли 2009 дар робита ба бастани Гуантанамо ба кишвари дигар интиқол меёбад. Бастани зиндони Гуантанамо яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Обама буд.

Ли Волоски, фиристодаи вижаи Амрико дар Куба, ки сиёсати интиқоли маҳбусонро назар мекунад, аз Иморати Муттаҳидаи Араб барои қабули 15 маҳбус, ки 3 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, изҳори ташаккур кард.

Ба қавли Волоски, нигаҳдошти маҳбаси Гуантанамо ба амнияти миллии Амрико ва ҳам ҳамкориҳои ин кишвар бо муттаҳидонаш халал ворид мекунад.

Пентагон хабар дода буд, ки дар маҳбаси Гунатанамо 61 маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Ин маҳбаси вижа дар соли 2002 замони раҳбарии Ҷорҷ Буш боз шуда дар он афроди муттаҳам дар ҳамкорӣ бо Ал-Қоида ва Толибон нигаҳдорӣ мешуданд.

XS
SM
MD
LG