Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон: се ҷангии суннимазҳаб кушта шуд


Кирмоншоҳ

Кирмоншоҳ

Нирӯҳои амниятии Эрон иддао кардаанд, ки се ҷангии эҳтимолии суннимазҳабро дар ғарби ин кишвар ба қатл расонидаанд. Полис гузориш дод, ки ин мардон дар як даргирии рӯзи 16 август дар шаҳри Кирмоншоҳ кушта шуданд. Ин шаҳр дар 500-километрии ҷанубуғарби Теҳрон ва дар 100-километрии марзи Ироқ ҷойгир аст. Онҳо гуфтанд, ки дар натиҷаи ин амалиёт аз ҷангиёни эҳтимолӣ силоҳи оташфишон ва як камарбарди дорои маводи тарканда мусодира шудааст. Исми кушташудаҳо ошкор намешавад, вале мақомот дар Эрон аз онҳо ба унвони “такфириҳо” ёд мекунанд. Ин истилоҳ маъмулан дар ҳақи тундравони суннимазҳаб, аз ҷумла аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” ба кор бурда мешавад. Теҳрон мегӯяд, ки ҷангиёни ин гурӯҳ Эронро мавриди ҳадаф қарор додааст. Моҳи июн мақомоти эронӣ гуфтанд, ки аз 10 ҷангии узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”-и боздоштшуда 100 кг маводи мунфаҷира мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG