Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз ду кони газу нафти Тоҷикистон даст кашид. ВИДЕО


Ширкати давлатии "Газпром"-и Русия аз идомаи корҳои иктишофӣ дар конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбии Тоҷикистон даст кашидааст. Танҳо захираи кони Сариқамиш ҳудуди 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафт гуфта мешуд.

Дар ҳисоботи расмии "Газпром" гуфта шудааст, як комиссияи махсуси ин ширкат дар нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ тасмим гирифтааст, ки "ба далели ғайримақсаднок будани идомаи омӯзиши геологии ин конҳо" муҷаввизро ба давлати Тоҷикистон баргардонад. "Газпром" соли 2009 иҷозаи корҳои иктишофӣ дар кони Сариқамиш, дар ноҳияи Шаҳринавро ба даст оварда ва то моҳи сентябри соли 2018 муҳлат дошт.

Масъулони ширкати давлатии "Газпром"-и Русия гуфтаанд, санади расмӣ дар бораи бозпас додани муҷаввизи конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбии Тоҷикистон таҳия ва ба зудӣ барои имзо пешниҳод хоҳад шуд. Аммо ҷузъиёти аз ин бештари хабар дастрас нест ва аз ҷумла гуфта нашудааст, ки оё "Газпром" ба далели берун наомадани газу нафт майдони Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбиро тарк мекунад, ё чизи дигар?

Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини аввали раиси Саридораи геологияи тоҷик, рӯзи 16 август дар вокуниш ба хабари бозпас гардондани иҷозатномаҳо аз ҷониби "Газпром" гуфт, "дар ин замина ба мо чизе нарасидааст". Ба қавли муовини аввали раиси Саридораи геологияи тоҷик, то ин дам ҳамкориҳо дар заминаи иктишоф дар конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбӣ идома дошт ва ҳеҷ мушкил вуҷуд надошт.

Аз ин пеш, рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ Мурод Ҷумъазода, раҳбари Саридораи геологияи тоҷик, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ин ширкати давлатии Русия аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои парма кардани чоҳи нав дар майдони нафту гази Сариқамиш иҷоза диҳад.​ Мурод Ҷумъазода гуфт, "парма кардани чоҳи дуввум барои иктишофу истихроҷи нафту газ кори осон нест ва барои ҳамаи ин корҳо аз 4 то 5 сол лозим мешавад." Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбӣ танҳо ду кони гази Тоҷикистон буд, ки ширкати "Газпром" то кунун дар ихтиёр дошт ва ҳатто дар Сариқамиш жарфтарин чоҳро дар Осиёи Марказӣ бо дарозии тақрибан ҳафт километр кофта буд.

Захираи кони Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав, 40-километрии ғарби Душанбе, ҳудуди 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафт гуфта мешавад. Се соли қабл Тоҷикистон ва ширкати "Газпром" ба тавофуқ расида буданд, ки 30 дарсади захираи гази кони Сариқамишро Тоҷикистон ва 70 дарсадашро ин ширкати русӣ бигиранд.

Георгий Кошлаков, геологи собиқадор ва ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон гуфта буд, "риск дар ин тарҳ низ хеле бузург аст, чунки имкон дорад, аз ин чоҳ ягон захираи табиӣ пайдо нашавад."

Ширкати давлатии "Газпром"-и Русия ҳанӯз соли 2003 бо имзои як қарордод барои 25 сол бо давлати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳузурашро дар ин қаламрав тахмин кард. Ин ширкат дар Тоҷикистон чор муҷаввиз барои конҳои Сариқамиш, Саргазон, Шоҳамбарии ғарбӣ ва Рангонро ба даст оварда буд. Аммо баъдан аз муҷаввиз барои кони Рангону Саргазон даст кашид ва ҳоло тасмим гирифтааст, муҷаввизи Сариқамишу Шоҳамбарии ғарбиро бозпас диҳад.

Бино ба гузоришҳо, ширкати "Газпром" дар садади дарёфти иҷозати истихроҷ аз кони "Нафтмайдон" дар шимоли Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон то чанд соли пеш эҳтиёҷоташ ба гази табииро аз ҳисоби воридоти он аз Узбакистон таъмин мекард ва солона аз ин кишвари ҳамсоя аз 1 то 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ мегирифт. Вале ҷониби Узбакистон фурӯши газ ба Тоҷикистонро сол ба сол коҳиш дода, то ҳадди хеле ночизи 200 миллион метри мукааб дар сол расонд ва соли 2012 аз имзои қарордод дар ин замина бо Тоҷикистон комилан даст кашид.

Ба ин далел, давлати Тоҷикистон талош дорад, корхонаҳои асосиашро ба истифодаи ангишт ба ҷои газ гузаронда, ҳамзамон барои истихроҷи газ аз конҳои дохилиаш сармоягузор меҷӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG