Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Агроинвестбонк” 4500 $-и Ҷамиларо барнамегардонад


Ҷамила Комилова бо ду фарзанди маълулаш Бахтиёру Маҳинбону

Ҷамила Комилова бо ду фарзанди маълулаш Бахтиёру Маҳинбону

Масъулони “Агроинвестбонк” гуфтаанд, ки баргардондани 4 ҳазору 500 доллари гумшудаи сокини Душанбе Ҷамила Комилова “ғайриимкон аст”. Ин пули хайрия бояд барои табобати Бахтиёр ва Маҳинбонуи маълул дар Ҳиндустон сарф мешуд.

Раҳбарияти "Агроинвестбонк" дар як номаи расмӣ гуфтааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад 4500 доллари "гумшудаи" Ҷамила Комилова, сокини шаҳри Душанберо баргардонад. Ин миқдор пул барои табобати Бахтиёру Маҳинбону, ду фарзанди маъюби Ҷамила Комилова дар ҳисоби бонкиаш дар "Агроинвестбонк" ҷамъ шуда буд ва ногаҳон дар охири моҳи июли соли ҷорӣ "гум шуд".

Мақомоти "Агроинвестбонк" дар номаи худ, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, гуфтаанд, "мутаассифона, аз ҷониби “Агроинвестбонк” баргардондани маблағҳои тасарруфшудаи Шумо ғайрииимкон аст."

Пули гумшуда маблағи ҷарроҳии яке аз фарзандонам буд.

Ин бонк мегӯяд, "аз рӯи тартиб ва қоидаҳои қабулшудаи низоми байналмилалии пардохти VISA, агар кортҳои дорои чипбуда тавассути лентаи магнитии он дар банкоматҳои дар ҳудуди Чин, Ҳиндустон, Тайланд ва Амрико воқеъбуда амалиёт гузаронда шуда бошанд, аъзои он ҳуқуқи оғоз кардани корҳои даъвогиро надоранд. Ин тартиб ва қоидаҳо то 1 октябри 2017 қувваи ҳуқуқӣ дорад."

Ҷамила Комилова рӯзи 16 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нома барояш зарбаи сахти равонӣ задааст ва аммо ҷилави ин корро ба осонӣ раҳо нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир омодагӣ ба ҷарроҳии ду фарзанди маълулаш дар Ҳиндустон идома дорад ва барои яке 5 ва дигаре аз 7 то 8 ҳазор доллар зарур ҳаст.

Бахтиёру Маҳинбону

Бахтиёру Маҳинбону

"Пули гумшуда маблағи ҷарроҳии яке аз фарзандонам буд. Бо ин ҳол, талоши мо барои дарёфти кумак аз афроди хайрхоҳ идома дорад," – афзуд ӯ. Ҷамила Комилова мегӯяд, аз ҳар роҳе талош дорад, ки номаи ӯ ба раисиҷумҳур бирасад ва умед дорад, ки шояд ӯ битавонад дар ҳалли ин мушкил барояш ёрӣ кунад.

Фарзандони Ҷамила Комилова, ​Маҳинбонуи 14 ва Бахтиёри 15-сола, соли 2007 дар пайи иштибоҳ ва муолиҷаи нодурусти табибон аз ҳаракат ва пойи равон мондаанд. Ҷамила Комилова мегӯяд, аз гум шудани маблағи суратҳисобаш замоне огоҳ шуд, ки мехост пули табобати беморхонаро пардохт кунад. “27 июл дар клиникаи Артивис, воқеъ дар шаҳри Гургаони Ҳиндустон, бояд маблағи табобатро пардохт мекардам. Вақте кортро ба терминал ворид кардам, гуфтанд, ки корти ман баста шудааст," - нақл кард ӯ.

“Агроинвестбонк” дар посух ба муроҷиати Ҷамила Комилова ва наздикони ӯ маълумотномае пешниҳод кардааст, ки дар он гуфта мешавад, пулҳо аз суратҳисоби ӯ тавассути коди махфиаш аз Чин гирифта шудааст. Ҷамила мегӯяд, рамзи махфии корти пластикии ӯро ба ҷуз аз худаш каси дигар намедонист ва ҳоло аз он шикоят дорад, ки бонк аз амалиёте, ки тариқи корти ӯ дар кишвари дигар анҷом шудааст, ӯро огоҳ накардааст.

Дар Тоҷикистон ин ягона ҳолати рабуда шудани пул аз корт нест. Аммо маъмулан пул аз кортҳои шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ дуздида мешудааст. Соли 2014 як сокини кишвар “Тоҷиксодиротбонк”-ро барои гум шудани пулҳо аз корташ ба додгоҳ кашида буд. Дар ин ҳодиса ҳам муайян шуда буд, ки 3000 долари мизоҷи ин бонк, ки дар чандин кишвари хориҷ будааст, дар Ҷумҳурии Боливия аз тариқи дастгоҳи худсохти “Скиммер” рабуда шудааст. Ин баҳсро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ кард ва ба сабаби набудани далелҳои дақиқ аз сӯи ҷонибҳо баҳс нотамом монд.

Гузориши видеоӣ аз бойгонӣ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG