Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: "Русия далелҳои қотеи кӯшиши тахрибкорӣ дар Қримро дорад"


Сергей Лавров ваъда дод, ки Русия ҳама ӯҳдадориҳои худро дар робита ба созиши Минск оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар шарқи Украина иҷро хоҳад кард.

Русия ҳама ӯҳдадориҳои худ дар робита ба созиши Минск оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар шарқи Украинаро иҷро хоҳад кард. Ин изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти хабарии муштарак баъди мулоқот бо ҳамтои олмонияш Франк-Валтер Штайнмайер дар шаҳри Екатеринбург, рӯзи душанбе, 15 сентябр, нашр шуд.

Ба гуфтаи Лавров, Маскав ҷудоихоҳон аз минтақаҳои Донетск ва Луҳанскро барои ҳамкории созанда равона хоҳад кард. Аз ин пеш Франк-Валтер Штайнмайер дар суханронӣ дар назди донишҷӯёни донишгоҳи федеролии Урал изҳор намуд, ки созиши Минск – бахши калидии раванди ҳалли мусолиматомези низоъ дар шарқи Украина аст. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳангоми муколама ҷонибҳо бояд ба ҳамдигар арҷ гузоранд.

Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, раҳбари идораи сиёсати берунаи Олмон ҳамчунин гуфт, Олмон дар робита ба беҳтар кардани вазъи амниятӣ ва пешрафт дар раванди ҳалли сиёсии низоъ дар Украина пешниҳодҳои мушаххасро таҳия кардааст.

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Олмон аз Русия ва Украина хоста буд, ки оташи низоъ дар Донбасс баъд аз ҳаводиси Қрим доман назананд. Ба гуфтаи Штайнмейер, барои он дар ҳалли низоъ дар шарқи Украина пешрафт нест, ки ҷонибҳои даргир дар мавқеъҳои оштинопазир қарор доранд ва ба гузашт омода нестанд.

Аз ин пеш коршиносон ҳадс мезаданд, ки Маскав барои сарпечӣ аз созмши Минск омода шудааст. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 10 август баъд аз хабари Хадамоти федеролии амният ё ФСБ дар бораи боздошти гурӯҳи диверсантҳо ё тахрибкорони марбут ба мақомоти амниятии Украина дар нимҷазираи Қрим мулоқотро дар чаҳорчӯби «формати Нормандия» бемаънӣ хонда буд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия иддао кард, ки яке аз ҷосусон ё диверсантҳо дар даргириҳои мусаллаҳонаи шаби 6 ба 7 август барои боздошти “саботажчиҳо” дар шаҳри Армянск кушта шуд. Аз ҷои ҳодиса 20 бомба, таҷҳизот ва минаҳо ёфт шуданд, гуфтанд масъулини ин ниҳод. ФСБ ҳамчунин ҳалокати як сарбози Русия дар даргириҳои рӯзи 8 август бо боз ду гурӯҳи тахрибкоронро тасдиқ кард.

Сергей Лавров дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои олмонияш дар Екатеринбург гуфт, Маскав далелҳои мӯътамадро дар бораи тахрибкорӣ будани ин амал зери даст дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин тахрибкорӣ дар нимҷазираи Қрим хеле барвақт аз сӯи мақомоти кашфи вазорати дифои Украина тареҳрезӣ шуда буд ва ҳадафаш ташкили бесуботӣ дар нимҷазираи Қрим буд. “Мо барои ироаи далелҳои иловагӣ омодаем”, афзуд Сергей Лавров. Ӯ ҳамчунин гуфт, айни ҳол гап сари лағви робитаҳои дипломатӣ миёни Маскаву Киев намеравад. "Ман фикр намекунам, ки мо ҳоло дар вазъи баркандани риштаҳои дипломатӣ қарор дошта бошем. Ин чораи охирин аст. Аз нигоҳи ман, дар ҳоли ҳозир набояд ба эҳсосот дода шуд ваё аз амалҳои фавқулодда кор гирифт, балки хунсардона эътидоли авзоъро бояд таъмин кард", изҳор намуд ӯ.

Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, ки бо ҳамтои олмонияш авзоъ дар Сурия ва, аз ҷумла, вазъи шаҳри Ҳалабро баррасӣ карданд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Русия ҳамроҳ бо Амрикову кишварҳои аврупоӣ ва миёнҷигарии СММ барои сабуктар кардани вазъи мардуми осоиштаи Ҳалаб муваффақ мешаванд ва намегузоранд, то ситезаҷӯён, ки як қисми шаҳрро таҳти назорат доранд, шартҳои худро болои ҷомеъаи ҷаҳонӣ таҳмил кунанд.

Сергей Лавров бо такя ба қарори Шӯрои амнияти СММ гуфт, онҳое, ки аз терроритсҳо пуштибонӣ мекунанд, худ террористанд. Ба гуфтаи ӯ, талабҳое, ки ин ё он мавзеъро набояд бомборон кард, зеро он ҷо на фақат гурӯҳи "Ҷабҳаи Ан-Нусра", балки дигар гурӯҳҳои мӯътадил ҳам ҳастанд, маънои талоши аз зери зарба берун кардани террористҳоро дорад.

XS
SM
MD
LG