Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Астара бо 140 кило ҳероин боздошт шуд


Кормандони гумруки Озарбойҷон дар мошине, ки ба самти Гурҷистон мерафт, 140 килограм ҳероин боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон хабар додааст.

Дар ин хабар омдааст, “кормандони раёсати гумруки Астара дар мошини навъи "DAF" ки аз Эрон ҳаракат мекард ва ронандаи он шаҳрванди Тоҷикистон буд, бештар аз 141килограм ҳероин мусодира карданд. Ҳангоми бозпурсӣ ронандаи ин мошин гуфт, ки қаламрави Озарбойҷонро чун қаламрави тарнзитӣ истифода кардааст ва ба Гурҷистон меравад”.

Дар бораи ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистон маълумот дода нашудааст ва барои расидагӣ ба ин қазия парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG